Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Империяи Муғул

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Империяи Муғул
1526 21 сентябр 1857


Пойтахт Агра, Fatehpur Sikri[d], Деҳлии Куҳна[d], Лоҳур ва Деҳлӣ
Забон(ҳо) форсӣ
Воҳиди пул rupee[d]
Майдон
  • 4 000 000 км²
Аҳолӣ
  • 150 000 000 тан (1700)
Шакли ҳукмронӣ подшоҳии мутлақ[d]

Империяи Муғул, Давлати бузурги Муғул, давлати асримиёнагӣ, ки дар натиҷаи тохтутози Чингизхон ва истилои муғул ташкил шуд. Темучин баъди муттаҳид кардани қабилаҳои муғул (1206), дарёфти унвони Чингизхон (Хони Бузург), таъсиси кешикҳо ва мутамарказ намудани хадамоти барид ба ишғоли кишварҳои ҳамсоя шурӯъ кард (1207). То давраи фавти Чингизхон (1227) минтақаи ҷануби Сибир, Мовароуннаҳр, Хуросон, қисми шарқии Дашти Қипчоқ, ҳудуди кишвари Си Ся ба ҳайати империяи муғул ҳамроҳ карда шуданд ва тохтутози муғулҳо ба шимоли Чин оғоз гардид. Омилҳои асосии густариши қаламрави империяи муғул: маҳорати дипломатӣ ва ҳунари ҷангии муғулҳо; мавҷудияти парокандагии сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя, истифодаи дурусти ғанимати ҷангӣ; хунхории муғулҳо ва фароҳам овардани тарсу бим дар байни мардум. Чингизхон соли 1224 мулкҳои забткардаашро дар байни писаронаш тақсим кард: Дашти Қипчоқ ва Хоразм ба ихтиёри Ҷуҷӣ, Мовароуннаҳр ва Ҳафтрӯд ба Чағатой, Олтой ба Ӯқтой (Уктой) вогузор шуд; писари хурдии Чингизхон – Тулуй аз рӯи таомули бодиянишинон соҳиби заминҳои асосии падараш Муғулистон («юрти маврусӣ») ва сипоҳ гардид. Соли 1229 Ӯқтой тибқи васияти Чингизхон ба тахт нишаст ва ба унвони «хоқон» ё «қоон» (шоҳи шоҳон) мушарраф гашт. Дар аҳди ҳукумати ворисони Чингизхон – Ӯқтой-қоон (1229–41), Гуюк-қоон (1246–48), Мангу-қоон (1251–59), Ҳубилай (1260–71) ҳудуди имрӯзаи Эрон, Байнаннаҳрайн, ҷануби Қафқоз, Корея, Таббат ва як қисми Осиёи Хурд ба ҳайати империяи муғул ҳамроҳ карда шуданд ва ишғоли Чин ба охир расид. Дар натиҷаи тохтутози Ботухон қисми ғарбии Дашти Қипчоқ, Булғористони Волга ва бисёр мулкҳои Руссия забт гардиданд; ҳамзамон муғулҳо барои лашкаркашӣ ба самти Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ кӯшиш карданд. Дар нимаи дуввуми асри XIII набераи Чингизхон – Ҳулогухон дар заминаи мулкҳои ишғолкардааш дар Шарқи Миёна ва Наздик ба улуси дигар асос гузошт. Пойтахти империяи муғул нахуст Қароқурум (дар Муғулистон), баъд Кайпин (аз 1260) ва Хонболиғ (аз 1264; ҳоло Пекин) буд. Сохтори идории империяи муғул дар асоси расму таомули қабилаҳои бодиянишини турку муғул ва унсурҳои давлатдории мардуми мутамаддини тобеъ ташаккул ёфта буд. империяи муғул ба «хонадони тилоӣ»-и Чингиз мансуб буд ва масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла, масъалаи интихоби хоқони нав, дар анҷумани чингизиён – қурултой ҳал карда мешуданд. Маъмулан, анҷуманҳо бо мақсади тасдиқ кардани тасмими доираҳои ҳукмрони дарбор даъват мешуданд. Идораи минтақаҳои биёбонӣ ва ташкили артиш дар асоси расму таомули бодиянишинӣ сурат гирифта буд; артиши муғул аз дастаҳои даҳӣ, садӣ, ҳазорӣ ва даҳҳазора иборат буд. Мувофиқи ин муқаррарот лашкар ва «мардуми бодиянишин» ба «қанот» ва бахшҳои даҳгона тақсим мешуданд. Баъзан таҷрибаи ба ҳавзаҳои даҳгона тақсим кардани аратҳо (мардуми заҳматкаши муғул) нисбат ба аҳолии муқимӣ низ татбиқ мешуд. Дар ибтидо ҳукумати музофоти империяи муғул ба уҳдаи нуйонон (ашрофи муғул) вогузор шуда буд. Дастгоҳи идории муғулҳо одӣ буд ва асноди давлатӣ аз ҷониби котибони уйғур, кидонӣ, чинӣ ва хоразмӣ навишта мешуданд. Дар ибтидо асноди давлатӣ бо хатти уйғурӣ ва аз асри XIV ба хатти арабӣ китобат мешуданд. Дар аҳди Ӯқтойқоон ва Мангуқоон низоми ягонаи андозбандӣ, уҳдадорӣ ва хадамоти барид ташаккул ёфт. Низоми қонунгузории империяи муғул дар асоси маҷмӯи муқаррароту фармонҳои Чингизхон ва хонҳои муғул – «Ёсо» ба роҳ монда шуда буд. Яке аз муқаррароти асосии «Ёсо» таҳаммулпазирии динӣ буд, ки мувофиқи он рӯҳониёни ҳама дину мазҳабҳо аз пардохти андоз ва дигар уҳдадориҳо озод буданд. Дар империяи муғул тартиби ягонаи интихоби валиаҳд вуҷуд надошт. Баъди фавти қоон дар масъалаи интихоби вориси тахт баҳсу муноқиша ва ҷангҳои дохилӣ (1227–29, 1234–46, 1248–51) сар мезаданд. Дар чунин ҳолат идораи ҳукумат ба уҳдаи яке аз наздикони хоқони фавтида вогузор мешуд. Пас аз фавти Мангуқоон бародарони ӯ Ориқ-буқо ва Қубилой худро хоқони мустақил эълон карданд. Баъди ғолибияти Қубилой бар Ориқ-буқо улусҳои Урдуи Тилоӣ, Чағатоиён ва Ҳулогуиён мустақил шуданд. Дар натиҷаи шиддати муборизаҳои дохилӣ, ноҳамоҳангии ҳадафҳои иқтисодӣ-сиёсии ашроф дар мулкҳои гуногуни империя ва тафовути гаравиши фарҳангии ворисони Чингизхон империяи муғул завол ёфт. Дар улусҳои ғарбӣ фарҳанг ва низоми давлатдории исломӣ нуфуз пайдо кард: дар асри XIV дар ин минтақа ислом дини давлатӣ гардид. Улуси шарқии империя зери таъсири тамаддуни чинӣ қарор дошт. Соли 1271 Қубилой худро асосгузори Империяи Юан эълон кард. Баъдан хоқон ба таври рамзӣ сарвари ворисони Чингизхон боқӣ монда, танҳо тавассути фиристодани ярлиғ ҳукумати хонҳои муғулро тасдиқ мекард. Пас аз сарнагун шудани сулолаи Юан дар Чин (1368) ин робитаи расмӣ дар империяи муғул хотима ёфт. Дар асри XIV бар асари ҷангҳои дохилӣ ҳукумати Ҳулогуиён сарнагун шуд; улуси Чағатой дар нимаи дуввуми асри XIV ба ду давлат тақсим шуд; Урдуи Тилоӣ дар асри 15 ба мулкҳои хурд тақсим гардид.